Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) ба гурӯҳи «В» шомил шуд ва бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохил шуданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасони синашон то 14-сола аз 4-ум то 13-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон барпо мегардад. Сабқати гурӯҳӣ аз як давра иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба нимфинал мебароянд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 11-уми август ва бозии ниҳоӣ 13-уми август баргузор мешаванд.
Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов 5-уми август муқобили дастаи Тайланд, 7-уми август бо мунтахаби Ироқ ва 9-уми август бо Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд.