Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнус Қонунӣ муовини президент муаррифӣ шуд


Юнус Қонунӣ
Юнус Қонунӣ
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Юнус Қонуниро ба ҷои Муҳаммад Қасим Фаҳим муовини раиси ҷумҳур муарррифӣ кард. Қасим Фаҳим 9 марти соли ҷорӣ ногаҳон даргузашт.

Хонум Одила Роз-сухангӯи Карзай таъйид кард, ки ин тасмим дар ҷаласаи Карзай бо раҳбарони боломақоми Афғонистон, бо раҳбарони муҷоҳидини пешин ва ҳамчунин бо хонаводаи Фаҳим гирифта шудааст. Ба гуфтаи Роз, ин тасмим “ба зудӣ” бояд дар иҷлоси порламони Афғонистон ба тасвиб расад.

Қонунӣ яке аз аъзои калидии ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва аз ҳампаймонҳои наздики Фаҳим дар солҳои муқовумати Эътилофи Шимол бар зидди Толибон аз соли 1996 то соли 2001 мебошад.

Қонунӣ ҳамчунин раиси Маҷлиси поёнии порламони Афғонистон буд ва дар соли 2004 худро номзади раиси ҷумҳур пешиниҳод карда буд. Вале шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG