Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Аврупо сари таҳримҳо болои Русия меандешанд


ИМА ва Иттиҳодия Аврупо шояд рӯзи душанбе, 17 март, алайҳи Русия бино ба баргузории раъйпурсӣ дар нимҷазираи Қрим таҳримҳо эълон кунанд.

Қарор аст, ки вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти фаврӣ дар Брюссел мавзӯи маҳдудиятҳои вуруди мансабдорони аршади Русия ба ин қора ва мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкии онҳо дар Аврупоро баррасӣ кунанд. Дар арафаи ин нишаст вазири умури хориҷии Ҳоланд Франс Тиммерманс изҳор намуд, ки ӯ барои роҳандозӣ нашудани таҳримҳо алайҳи Маскав талош хоҳад кард, зеро аз ин таҳримҳо бисёриҳо осеб мебинанд. Ҳамзамон ӯ мутмаин аст, ки фақат худи Русия метавонад аз ҷорӣ шудани таҳримҳо ҷилавгирӣ кунад.

Вазири умури хориҷии Олмон Франк-Вальтер Штайнмайер гуфт, ки омодагии Русия барои забти Қрим ғайри қобили қабул аст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи душанбе вазирони умури хориҷа дар Брюссел бояд ба қарори барояшон сахте бирасанд.

Аз ин пеш Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА, дар вокуниш ба раъйпурсӣ дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфт, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷаҳои раъйпурсиро, ки "Қонуни асосии Украинаро зери по гузошта ва таҳти фишор ва бо дахолати низомии Русия анҷом шудааст, намепазирад". Аммо Владимир Путин дпр посух натиҷаҳои ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қримро қонунӣ дониста, ҳамчунин аз "нотавонии давлати Украина дар пешгирӣ аз хушунат алайҳи русзабонони он кишвар" ибрози нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG