Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста барои Ҷоми ФФТ мубориза мебарад


Сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар Душанбе ба анҷом расид.

Чаҳор даста ба нимфинал баромад. Дар бозиҳои ниманиҳоӣ имрӯз, 17-уми март, «Хайр»-и Ваҳдат бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол» -и Душанбе бо ҳайати ҷавонони «Равшан»-и Кӯлоб рақобат мекунанд.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - 1:4
Голҳо: Шавкати Ҳотам, 5 (0:1). Виллер Соуза Оливейра, 39 (1:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 50 (1:2). Дэвид Мауто, 64 (1:3). Дилшод Восиев, 79 (1:4).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ПАНҶШЕР» (Румӣ) - 10:1
Голҳо: Чарлз Теко, 4 (1:0). Манучеҳр Аҳмадов, 11 (2:0). Турсуналӣ Рустамов, 22 (3:0). Манучеҳр Аҳмадов, 35 (4:0). Турсуналӣ Рустамов, 43 (5:0). Шавкат Худойназаров, 60 (5:1). Чарлз Теко, 75 (6:1). Нодирбек Маъмиров, 78 – аз пеналтӣ (7:1). Чарлз Теко, 82 (8:1). Нодирбек Маъмиров, 89 (9:1). Чарлз Теко, 90 (10:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 3 0 0 18-1 9
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 11-5 4
3 «Энергетик» (Душанбе) 3 1 1 1 9-6 4
4 «Панҷшер» (Румӣ) 3 0 0 3 2-28 0

Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «КАНД» (Конибодом) - 1:2
Голҳо: Нуриддин Аҳмадов, 20 (0:1). Темур Тиллоев, 51 (0:2). Фирӯз Раҳматов, 62 (1:2).

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «РАВШАН» (Кӯлоб) - 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «Б»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Хайр» (Ваҳдат) 3 2 1 0 6-0 7
2 «Равшан» (Кӯлоб) 3 1 1 1 4-6 4
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 0 2 4-4 3
4 «Канд» (Конибодом) 3 1 0 2 5-9 3

Нимфинал

17-уми март (душанбе)
12.00 – «Хайр» - «Хуҷанд»
15.00 – «Истиқлол» - «Равшан»


19-уми март (чоршанбе)
12.00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
15.00 – ФИНАЛ
Эзоҳ: Бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG