Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Лавров дар бораи райпурсии Қрим


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ба Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, ба ақидаи Русия райпурсии Қрим дар бораи ҷудо шудан аз Украина ва пайвастан ба Русия “комилан бо муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқат мекунад”.

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, Лавров двар сӯҳбати телефонӣ ба Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки мақомоти Украина бояд бо “миллатгароҳои тундрав ва гурӯҳҳои ифротӣ, ки норозиёни сиёсӣ ва мардуми русзабонро дар Украина террор мекунанд, мубориза барад”.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз райпурсии Қрим интиқод ва онро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Рӯзи шанбе Русия ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ, ки райпурсии Қримро ғайриқонунӣ медонист, райи мухолиф дод. 13 узви Шӯрои Амният ба ҷонибдорӣ аз ин қатънома рай доданд. Чин аз райдиҳӣ худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG