Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳасани Рӯҳонӣ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон


Мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раисиҷумҳури Эрон
Мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раисиҷумҳури Эрон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 17 март дар Теҳрон даъвати расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ барои сафари расмӣ ба Душанберо расондааст.

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 17 март дар Теҳрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мулоқот кардааст. Бино ба гузориши сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, оқои Аслов ба Рӯҳонӣ паёми расмии ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро расондааст.

Дар ин паём раисиҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори омодагии Душанбе барои таҳкиму тақвияти дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз Ҳасани Рӯҳонӣ расман даъват кардааст, ки дар фурсатҳои наздик бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биорад. Бино ба ин манбаъ, Рӯҳонӣ ин даъватро бо хушнудӣ пазируфтааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти раисиҷумҳури Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин кишвар як силсила тарҳҳои муҳими зербиноиро иҷро мекунад. Сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон меафзояд, ҳарду ҷониб ҳамчунин якдигарро ба иди наврӯз табрик гуфта, дар ин дидор ба аҳамияти рушди ҳамкориҳо дар соҳоти фарҳанг ва илу маориф байни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг таъкид кардаанд.

Мулоқоти Аслов бо Рӯҳонӣ ва мақомоти дигари аршади Эрон дар Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити ду кишвар дар чанд моҳи охир бар сари чанд моҷаро, аз ҷумла пули барқи нирӯгоҳи "Сангтӯда-2", ки дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бо сармояи Эрон сохта шудааст, ва боздошти сармоядори эронӣ Бобаки Занҷонӣ бо гумони ғайб задани 2 миллиарду 460 миллион евро пули фурӯши нафти Эрон дучори мушкил шудааст.

Дар пайи боздошти Занҷонӣ дар таърихи 30 декабри соли 2013 гуфта мешуд, ки гӯё ин маблағи бузург дар роҳ ба Эрон дар Тоҷикистон "гум" шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон ин иддаоро рад кард. Вале ахиран хабар омад, ки додситонии Эрон ҳайатеро барои таҳқиқи сармоягузориҳои Занҷонӣ ба Тоҷикистон мефиристад. Дар Тоҷикистон чандин ширкат, аз ҷумла терминали автобусҳои Душанбе ва бонки тиҷории "Конт"-ро ба Бобаки Занҷонӣ марбут медонанд.

Мулоқоти Аслов бо Зариф дар Теҳрон

Мулоқоти Аслов бо Зариф
Мулоқоти Аслов бо Зариф
Сироҷиддин Аслов, ки бо сафари расмие дар Эрон қарор дорад, рӯзе пеш бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон мулоқот дошт. Муҳаммадҷаводи Зариф дарин дидор гуфтааст, ки кишвараш омодааст, дар амри мубориза бо терроризм ва ифтротгароӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Эрон, дар мулоқоти Муҳаммадҷаводи Зариф ва Сироҷиддин Аслов, ки рӯзи 15-уми март дар Теҳрон баргузор шуд, ҳамчунин вазъ дар Афғонистон ва Осиёи Миёна дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамзабон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳси вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Эрон будааст. Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки дар равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад.

Дар навбати худ оқои Аслов аз дастёбии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба мувофиқатномаи ҳастаӣ истиқбол намуда ва истифодаи сулҳомези ҳастаиро ҳаққи Ҷумҳурии исломии Эрон донистааст.

Эрон бо беш аз 200 миллион доллар ҳаҷми солонаи табодули молу коло аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки ҳанӯз дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият дошта, байни ду кишвар тайи 22 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Умдатарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол(Анзоби собиқ) бо 40 миллион доллар таъмини молии Теҳрон аст ва якеи дигар – тарҳи нирӯгоҳи дувуми Сангтӯда, ки бо 180 миллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад.

Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва ба таъбири худи - "бародарона"-ро ба роҳ монад, таҳким ёфт. Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Оқои Раҳмон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.

Тоҷикистон дар ивази кӯмакҳои саршори иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба ҳаққи Эрон барои таъқиби барномаи ҳастаӣ ва зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид.
XS
SM
MD
LG