Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия афв мешаванд


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бархе аз бастаи пешниҳодҳои Омбудсмени тиҷоратӣ Борис Титов дар бораи авфи муҳоҷирони ғайриқонуниро пазируфт.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 13 март, ба Радиои Озодӣ Антон Степанов, намояндаи Омбудсмени тиҷоратии Русия дар умури муҳоҷират хабар дод.

Охирҳои соли гузашта Борис Титов, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқ дар бахши тиҷорати Русия, хостори авфи ҳама муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ дар Русия шуд. Бар пояи ин тарҳ, муҳоҷири ғайриқонунӣ бояд бо корфармо қарордод бандад, патент бигирад ва дар хадамоти андоз сабти ном шавад. Борис Титов пешниҳод карда буд, ки ба муҳоҷирон барои қонунисозии будубошашон дар қаламрави Русия 12 моҳ фурсат дода шавад. Вале онҳое, ки дар қаламрави Русия ё дигар кишварҳо марвиди таъқиби додгоҳӣ қарор доранд ва ҳамчунин афроде, ки тайи се соли ахир дар Русия беш аз се бор аз рӯи бандҳои берун аз қавонин муҳоҷират ҷазои маъмурӣ гирифтаанд, набояд авф шаванд. Қарор буд, ки раванди авф моҳи сентбяри соли 2014 оғоз ёбад.

Антон Степанов мегӯяд, ки раисиҷумҳур баъди ошноӣ бо пешниҳоди Омбудсмени тиҷорат тарҳи қонун дар бораи ҷорӣ намудани низоми патентро ба Думаи давлатӣ фиристод, вале “дар ин тарҳ аз вожаи “авф” сарфи назар шудааст, зеро он барои гӯш зиёд форам нест”. Дар тарҳи пешниҳодии раисиҷумҳур гуфта шудааст, ки ҳар муҳоҷири ғайриқонунӣ метавонад аз Хадамоти федеролии муҳоҷират патент бигирад, маблағи онҳо пардохт намояд ва бидунти тарсу ҳарос корашро идома диҳад. “Аз нигоҳи мо, ҷорӣ намудани низоми патентӣ на фақат аз фасод ҷилавгирӣ мекунад, балки ба вуруди теъдоди бештари муҳоҷирони корӣ ба Русия мусоидат хоҳад кард”, мегӯяд Внтон Степанов.

Қарор аст, ки тарҳи қонун дар бораи ҷорӣ кардани низоми кор аз тариқи патент тайи ним соли оянда аз сӯи парлумони Русия қабул шавад.

Антон Степанов гуфт, ки аз ин пеш Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дигар аз бахши пешниҳоди Омбудсмени тиҷорат дар бораи лағви квота барои муҳоҷирони кориро пазируфта буд.

Бар пояи хабарҳо, дар Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки як теъдодашон санади зарурӣ надоранд ва ба онҳо ҳар лаҳза хатари ихроҷ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG