Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои ҳавопаймои Малайзия воқеият надорад


Ҷое, ки моҳвораи Чин онро нишон дода буд
Ҷое, ки моҳвораи Чин онро нишон дода буд
Ниҳодҳои ҳавонавардии ғайринизомии Малайзия ва Ветнам мегӯянд, ки нишонае аз пораҳои ҳавопаймои бедаракшудаи Малайзия дар ҷое, ки Чиниҳо ба он нишон дода буданд, пайдо нашудааст. Чиноиҳо ҷоеро дар Баҳри ҷанубии Чин аз дастгоҳҳои моҳвораӣ нишон дода буданд.

Рӯзи шанбе ҳавопаймои мусофирбари Малайзия бо 239 мусофир ҳангоми парвоз аз Куалампури Малайзия ба Пекин бедарак шуд. Нируҳои дарёӣ ва ҳавоии кишварҳои гуногун дар масоҳати 90000 километри мураббаъ ҷустуҷӯи ҳавопаймо ё нишонаҳои онро анҷом додаанд.

Аз сӯи дигар нашрияи “The Wall Street Journal" аз номи ду нафари наздик ба гурӯҳҳои ҷустуҷӯ навиштааст, ки ин ҳавопаймо гӯё баъд аз расидан ба нуқтаи ахири фуруд чаҳор соати дигар дар ҳаво будааст.

Рӯзнома навиштааст, бозрасони ҳавоӣ ва мақомоти амнияти миллӣ бовар доранд, ки ҳавопаймо тамоми панҷ соати хатисайри худро паймудааст ва ин маълумот гӯё ба таври автоматӣ дар дастгоҳҳои назорати барномаҳои парвоз сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG