Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Паралимпиадаи Сочи пешсаф аст


Дар Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи баъди натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия дар мақоми аввал қарор дорад.

Варзишгарони Русиядар ин муддат ҳамагӣ 34 медал - 11 нишони тилло, 14 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст овардаанд. Дастаи Олмон, ки 4 медали тилло дорад, дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Украина бо касби 11 медал - 3 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ - дар мақоми севум аст.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 15 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 11 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ мушарраф шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 11 14 9 34
2 Олмон 4 0 0 4
3 Украина 3 3 5 11
4 Австрия 2 2 0 4
5 Ҷопон 2 1 2 5
6 Фаронса 2 1 1 4
7 Словакия 2 1 0 3
8 Канада 1 2 4 7
9 Британия 1 1 1 3
10 Шветсия 1 0 1 2
11 Испания 1 0 0 1
12 ИМА 0 3 4 7
13 Норвегия 0 1 0 1
13 Финляндия 0 1 0 1
15 Беларус 0 0 3 3

Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ то 16-уми март идома мекунанд. Ба барномаи Бозиҳо 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷ-хоккейи рӯи ях дохиланд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони 45 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Аз ҳама бештар аз қораи Аврупо – 30 кишвар - ширкат меварзад. Аз қитъаи Амрико 6 кишвар – Аргентина, Бразилия, ИМА, Канада, Мексика ва Чили, аз қораи Осиё 7 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Муғулистон, Узбакистон, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 2 кишвар – Австралия ва Зеландияи Нав иштирок мекунанд.

Дар Паралимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ варзишгарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Украина иштирок мекунанд. Вале то ҳоло варзишгарони Арманистон, Қазоқистон ва Узбакистон медалҳои бозиҳоро ба даст наовардаанд.

Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони кишвари мо дар Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи ширкат намеварзанд. Ҳарчанд мо ба Паралимпиадаи Сочи даъватнома гирифтаем, вале аз сабаби он ки дар намудҳои зимистона варзишгар надорем, дар ин бозиҳо иштирок намекунем.”
XS
SM
MD
LG