Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Палдорак дар Масчо


Садҳо тан аз сокинони деҳоти мухталифи ноҳияи Мастчоҳ дирӯз дар майдони «Палдорак»-и ноҳияи Масчо Наврӯзро бошукӯҳ таҷлил намуданд. Олимхон Исматӣ, сардабири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ имрӯз ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи 10 март дар майдони деҳа бо ширкати садҳо нафар сокинони деҳоти Мастчоҳ Наврӯзро таҷлил карданд. Ба гуфтаи вай, ҳар сол мувофиқи анъана наврӯзи Палдорак 8-уми март фаро мерасад, аммо азбаски дар он рӯз борони шадид борид, мардум дирӯз гирди ҳам омаданд ва ҳамроҳи меҳмонон аз навоҳии ҳамсоя ва маркази вилоят, Наврӯзро ҷашн гирифтанд.
Вай афзуд, дар ин рӯз мардуми Палдорак рӯи дастурхони наврузӣ мувофиқи урфу одати худ кашки шабдегиву сумалак ва ҳафтшину ҳафтсин гузоштаанд ва барои меҳмонон байтҳои хоси мардуми мастчоҳро сурудаанд. Дар гӯшаи дигар паҳлавонон аз аксари навоҳии Тоҷикистон қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Сокинони деҳаи Палдорак мегӯянд, ки яке аз хӯрданиҳои наврӯзие, ки хоси мардуми деҳа мебошад, «кашки шабдегӣ» аст, ки онро ҳангоми шаб сокинони деҳа дар гирди деги кашк ҷамъ омада то замони пухтани он суруду таронаҳо хонда, омода мекунанд, ки ин навъи кашк гӯё дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон дида намешавад. Палдорак яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Мастчоҳ буда, ба назари таърихшиносон ва фолклордонон, Наврӯз дар онҷо хеле зуд таҷлил карда мешавад ва ин одат то кунун идома дорад.
XS
SM
MD
LG