Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Равшан” – “Сафо” як рӯз ба таъхир уфтод


Бозии даври дувуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни “Равшан”-и Кӯлоб ва "Сафо"-и Лубнон, ки бояд 11-уми март баргузор мешуд, як рӯз дертар - 12-уми март - барпо мегардад.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имрӯз, 10-уми март, хабар додааст. Ба бозии «Равшан» ва «Сафо» гурӯҳи ҳакамон аз Покистон бо сарварии Шаҳзод Хуррам доварӣ мекунанд. Вале онҳо то ҳоло ба Душанбе наомадаанд. Бинобар ин бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё бозии «Равшан» ва «Сафо» як рӯз дертар барпо мегардад. Бозӣ рӯзи чоршанбе, 12-уми март, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода соати 14.00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А»дастаи “Равшан” аз тими «Ал Сувайқ»-и Умон бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуда буд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Seeb Sports Complex»-и шаҳри Мускат бо ҳузури 2000 тамошобин барпо гардид. Муҳаммад Солеҳ Ал Ғассонӣ, бозигариАл Сувайқ”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Голи дувуми Сувайқ”-ро Абдулраҳмон Солеҳ дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд. Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро тағйир дод. Баъди ду дақиқа Сидоҳ Сирикӣ голи севумро ба дарвозаи меҳмонон зад.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 11-уми март миёни дастаҳои «Зат Рас» (Урдун) ва «Ал Сувайқ» (Умон) баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 « Ал Сувайқ» 1 1 0 0 3-1 3
2 «Сафо» 1 1 0 0 1-0 3
3 «Зат Рас» 1 0 0 1 0-1 0
4 «Равшан» 1 0 0 1 1-3 0

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон)
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG