Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи март дар Тоҷикистон ним моҳ истироҳат мекунанд


Имрӯз 10 март дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст. Ба сабаби он ки ҷашни модарон 8 Март бо рӯзи шанбе, яъне бо рӯзи истироҳат дуруст омад, тибқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҷашнҳо” ин истироҳати худро шаҳрвандони кишвар аз ҳисоби рӯзи корӣ ҷуброн мекунанд. Дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" Исмоил Файзиев-муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои Касабаи мустақили Тоҷикистон гуфт, моҳи март дар Тоҷикистон ягона моҳест, ки дар тақвим 15 рӯз, яъне ним моҳ истироҳат пешбинӣ шудааст ва дар ин моҳ рӯзҳои истироҳат нисбат ҳар моҳи дигар бештар аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳар сол бар асоси қонун аз 21 то 24 март дар назар дошта шудааст. Вале соли ҷорӣ рӯзҳои истироҳати ҳафта, яъне шанбе ва якшанбе дар миёни рӯзҳои пешбинишудаи ҷашни Наврӯз меояд. Ба ин далел, истироҳати рӯзҳои шанбе 22 март ва якшанбе 23 март ба рӯзҳои 25 ва 26, яъне ба сешанбе ва чаҳоршанбе бурда мешавад. Ба гуфтаи Исмоил Файзиев, агар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи моҳи март, рӯзҳои 1-2, 15-16, ва 29-30-ро низ дар назар бигирем, дар маҷмӯъ рӯзҳои истироҳат ба 15 рӯз мерасад.
XS
SM
MD
LG