Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои паралимпӣ дар Сочи оғоз мешавад


Бозиҳои паралимпӣ имрӯз дар шаҳри Сочи ифтитоҳ мешаванд. Маросими ифтитоҳ дар пасманзари таҷовузи нерӯҳои Русия ба хоки Ҷумҳурии Мухтори Қрими Украина сурат мегирад. Бинобар ин амалкард, бисёре аз меҳмонон аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳида аз ширкат дар ин маросим худдорӣ кардаанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ҳар навъ таҳрими бозиҳои паралимпӣ бо назардошти бӯҳрони Украина, “баландтарин нуқтаи палидӣ” хоҳад буд. Вале чунин ба назар мерасад, ки варзишгарони маълули ҳеҷ кишвар аз ширкат дар ин бозиҳо даст накашидаанд. Маълум нест, ки тими варзишгарони Украина ин корро хоҳад кард, ё не. Рӯзи панҷшанбе тими 31 нафарии Украина дар деҳаи олимпӣ дар Сочи зери парчами ин кишвар, суруди миллии Украинаро хонд.
XS
SM
MD
LG