Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи Тоҷикистон дар ITB.Berlin


Шоми чаҳоршанбе, 5 март, вакилони Бундестаги Олмон аз бахши тоҷикистонии намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳии «ITB.Berlin» дидан карданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз пойтахти Олмон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ошноӣ вакилони парлумон бо ҳайати Тоҷикистон дар мавриди роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ сари гуфтугӯ нишастанд.

Маликшо Неъматов гуфт, ки Тоҷикистон дар 40 метри мураббаъ чойхонаи миллӣ бунёд кардааст ва зери гунбади он 15 ширкати сайёҳӣ аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон – Хатлону Бадахшону Суғду Зарафшон ва 30 ширкати машғул ба туризми воридотӣ маводи таблиғотии худро ба маърази намоиш гузоштаанд. Имсол бахше аз намоишгоҳ ба меҳмонсарои “Сирена” ҳам бахшида шудааст.

Ба гуфтаи мансабдори тоҷик, дар ду рӯзи аввал 25-30 ҳазор мутахассиси бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ аз гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ дидан карда, бо ширкатҳои сайёҳӣ қарордод имзо мекунанд. Дар ду рӯзи боқимонда, ки ба рӯзҳои истироҳат рост меояд, дари намоишгоҳ ба рӯи ҳама сокинону меҳмонони шаҳри Берлин боз хоҳад шуд ва ҳар кас имкон дорад то роҳхати ин ё он ширкати сайёҳиро дастрас кунад.

Маликшо Неъматов афзуд, рӯзи чаҳоршанбе дар чаҳорчӯби намоишгоҳ нишасти вазирони ҷаҳонгардии кишварҳои тарҳи “Шоҳроҳи Абрешим” баргузор гардид, ки ба он ҳоло 31 кишвар шомил аст.

Қарор аст, ки як хатсайри “Шоҳроҳи Абрешим”, ки аз Тоҷикистон ҳам мегузарад, ба Мероси фарҳангии ЮНЕСКО, Бунёди илму фарҳанг ва маорифи СММ, шомил шавад ва ин ба гуфтаи Маликшо Неъматов, “барои ташвиқу тарғиби захираҳои сайёҳии мо дар оянда метавонад созгор бошад”. Ӯ афзуд, ки дар нишасти вазирон дар бораи содда шудани дарёфти раводид дар Тоҷикистон ва сиёсати дарҳои бози кишвар сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи Маликшо Неъматов,айни ҳол миллионҳо нафар бар асари мушкили дарёфти раводид аз имкони рафтан ба дигар мамолик маҳруманд ва намоишгоҳи сайёҳии Берлин метавонад ба ҳалли ин мушкил мусоидат кунад.

Маликшо Неъматов афзуд, ки айни ҳол дар тарғиби бахши ҷаҳонгардии Тоҷикистон аз ҳама бештар сафорати Тоҷикистон дар Олмон талош меварзад.

Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳии «ITB.Berlin» - бузургтарин намоишгоҳ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар қиёс бо дигар намоишгоҳҳо дар он на фақат як ё чанд бахши сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, балки ҳама имкони кишварҳо дар ин соҳа ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Имсол дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонсароҳои бузург ва ширктаҳои ҳавопаймоии 188 кишвари олам хадамоти худро пешниҳод намудаанд. Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бори шашум ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG