Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба биноҳои маъмурии Самарра 7 кас ҷон бохт


Бар асари ҳамлаи ифротгароёни либоси низомӣ дар тан ба биноҳои ҳукумат ва додгоҳи шаҳри Самарраи Ироқ рӯзи сешанбе, 4 март дасти кам 7 нафар, аз ҷумла, чаҳор корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса 47 нафар ҷароҳат бардоштанд, ки 30 тани онҳо низомиёнанд. Миёни маҷрӯҳон муовини раиси шӯрои шаҳр Аммар Аҳмад низ ҳаст.

Афсари полиси шаҳр Даъфир Аҳмад гуфт, ки қабл аз ҳамла як маргталаб худро дар канори биноҳои ҳукуматӣ мунфаҷир кард. Даргирӣ чаҳор соат идома дошт ва ба навиштаи бархе хабаргузориҳо ҳамаи чаҳор ҳамлагар худро тарконидаанд.

Гуфта мешавад, ки ин дуввумин ҳодисаи ҳамла ба маркази вилояти Салоҳиддин дар моҳҳои ахир аст.
XS
SM
MD
LG