Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Равшан” – “Сафо” дар Турсунзода баргузор мешавад


Ба иттилои Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан», даста рӯзи чоршанбе, 5-уми март, ба шаҳри Турсунзода меравад ва омодагиро ба ин бозӣ шурӯъ мекунад. Ба бозии «Равшан» ва «Сафо» гурӯҳи ҳакамон аз Покистон бо сарварии Шаҳзод Хуррам доварӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А»дастаи “Равшан” аз тими «Ал Сувайқ»-и Умон бо ҳисоби 1-3 мағлуб шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Seeb Sports Complex»-и шаҳри Мускат бо ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд. Муҳаммад Солеҳ Ал Ғассонӣ, бозигариАл Сувайқ”, дар дақиқаи 30-юм ҳисобро боз кард. Голи дувуми Сувайқ”-ро Абдулраҳмон Солеҳ дар дақиқаи 59-ум ба самар расонд. Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро тағйир дод. Баъди ду дақиқа Сидоҳ Сирикӣ голи севумро ба дарвозаи меҳмонон зад.

Бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 11-уми март миёни дастаҳои «Зат Рас» (Урдун) ва «Ал Сувайқ» (Умон) баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 « Ал Сувайқ» 1 1 0 0 3-1 3
2 «Сафо» 1 1 0 0 1-0 3
3 «Зат Рас» 1 0 0 1 0-1 0
4 «Равшан» 1 0 0 1 1-3 0

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG