Маъмурони амниятии Покистон мегӯянд, чархболҳои артиш бо ҳамла ба мавқеъи тундравони исломӣ дар як минтақаи қабоилнишин дар шимолу ғарби кишвар, 5 нафари онҳоро куштанд. Ба гуфтаи артиш, чархболҳо рӯзи якшанбе дар маҳаллаи Бора, дар минтақаи қабоилнишини Хайбар ба паноҳгоҳҳои Мулло Таманчӣ як ифротгарои ашаддӣ зарба заданд, ки бо амри ӯ ба мошини муҳофизону гурӯҳи маъмурони ваксинзанӣ аз фалаҷи атфол ҳамла сурат гирифт ва 12 нафар кушта шуд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст. Ҳамлаи ҷавобӣ ба тундравон, як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки Толибони Покистон гуфтанд, барои имкон додан ба эҳёи музокироти сулҳ бо ҳукумат як моҳ созиши оташбас эълон карданд. Моҳи гузашта ҳукумати Покистон ин музокиротро боздошт.