Ҳарчанд Қонуни асосии Афғонистон иштироки бори сеюми президенти феълӣ Ҳомид Карзайро дар интихобот манъ мекунад, аммо аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки Карзай мехоҳад дар саҳнаи сиёсӣ, ҳатто баъд аз интихоби ҷойгузинаш нерӯи калидӣ боқӣ бимонад. Нозирон мегӯянд, муомилоте, ки ин ҳадафро бояд воқеъӣ кунад, аз ҳоло оғоз шудааст. Интихоботи раёсати ҷуҳмур дар Афғонистон 5 -уми апрел баргузор мешавад.
Ин далел, ки Ҳомид Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳур ошкоро аз номзадии бародараш Қаюм Карзай пуштибонӣ намекунад, бисёриҳоро ба ҳайрат овард.
Аммо нозирон мегӯянд, воқеъият метавонад на оне бошад, ки зоҳиран ба назар мерасад. Сара Чейс, пажӯҳишгари аршади Бунёди Корнегии Вашингтон, ки ҳудудан 10 сол дар Қандаҳор фаъолият карда ва чанд соли аввал раҳбарии созмони ғайридавлатии Қаюм Карзайро дар дӯш доштааст, мегӯяд, ҷудоии зоҳирии бародарон Карзайҳо дар маъракаи интихоботӣ эҳтимол як бахши стратегияи интихоботи раёсати ҷуҳмур бошад: «Ростӣ, ман бовар намекунад, ки Қаюм Карзай номзади воқеӣ бошад. Ин ҳама мисли як назарфиребӣ аст. Ба назарам коре, ки Қаюм Карзай мекунад, танҳо банд кардани ҷой аст. Ин ҳарду дар маҳзари ом худро мухолиф муаррифӣ мекунанд, аммо дар асл ба мисли гушту нохун ба ҳам пайванд ҳастанд.»
Ба гуфтаи хонум Чейс, ҳадди ақал се номзад: Қаюм Карзай, Залмай Расул ва Абдураб Расули Сайёф, аз хайли 11 довталаби курсии раёсати ҷумҳур дар Афғонистон метавонанд аз ҷойгузинҳои Карзай бошанд. Сара Чейс бовар дорад, ки дар фурсати муносиб яке аз ин номзадҳо худро аз бозӣ берун мекашад ва ду нафари дигар тамоми нерӯро дар пуштибонӣ аз номзади қобили қабул сарф мекунанд: «Новобаста аз он ки кадомӣ ҳамчун номзади воқеъи интихоб мешавад- мегӯяд Сара Чейс- ҳадафи аслӣ Карзай ва клани ӯ хоҳад буд, ки мехоҳад дар Афғонистон нақши умдаи сиёсӣ дошта бошад.»
Умар Самад, сафири пешини Афғонистон дар Фаронса ва Канада мегӯяд, «Қаюм Карзай ҳамчун мушовири аршад ва корсози пушти саҳна дар маъмурияти бародараш Ҳомид Карзай нақши калидӣ дошт, аммо ин нақш шояд дар заминаҳои тафовути фардиву сиёсӣ тадриҷан, коҳиш ёфт “. Ҳамчун номзад ба мақоми раёсати ҷуҳмур Қаюм Карзай ба фарқ аз бародараш Ҳомид Карзай ҷаззобият ё “харизма” надорад ва ин аз камбудиҳои аслиаш унвон мешавад. Ӯ суханвари хуб ҳам нест ва бисёриҳо мегӯянд, ки забони модариашро хуб намедонад. “Эҳтимолан ҳамин камбудиҳо буданд, ки Карзай ба номзади дигар, Залмай Расул рӯ овард” – мегӯяд Умар Самад.
Ба эътиқоди Умар Самад, “Залмай Расул дар муқоиса бо Қаюм Карзай барои ҳавзаҳои интихоботӣ бештар қобили қабул аст. Залмай Расул таҳдиди камтар аст, ӯ камтар зиддуунақиз аст. Залмай Расул душмани камтар дорад ва бештар қобили контрол ё идорашаванда аст.”
Ба назари баъзе нозирон, Залмай Расул шояд ҳамон формулаи созишест, ки Владимир Путин ва Дмитрий Медведев дар Русия ба кор бурданд. Вақте Путин тибқи Қонуни асосӣ наметавонист президент интихоб шавад, Медведевро президент кард ва худаш нахуствазир шуд ва баъди чаҳор сол курсиро аз Медведев бозпас гирифт.
Агар аз Залмай Расул сарфи назар кунем, варианти дигар номзадии Абдураб Расули Сайёф аст. Аммо нозирон сари ӯ зиёд ҳисоб намекунанд. Абдураб Расули Сайёф, як рӯҳонии таҳсилдида дар Миср, аз фармондеҳони муҷоҳиддини пешин аст, ки соли 1980, дар замони ҷанг бо Шӯравӣ Бин Лодинро ба Афғонистон оварда буд.
Ончӣ Абдураб Расули Сайёф метавонад ба рӯи миз гузорад, танҳо эътибори мазҳабиаш аст. Ӯ дар байни баъзе раҳбарони муҷоҳидини собиқ, ки аксаран ҳоким ё вазирони ҳукумат ҳастанд, обрӯи хоса дорад. Аммо Умар Самад мегӯяд, “Ҳомид Карзай дар пайи нафаре мегардад, ки чеҳраи барномарезиҳои оянда бошад. Сайёф ин ҳунарро надорад. Ӯ намояндаи муҷоҳидини суннатӣ ё ҷиноҳи муҳофизакори ҷомеа аст. Албатта ин ҳам ҳавзаи муҳим аст, аммо хеле пароканда аст.”
Натиҷаи интихобот ин хоҳад буд ё он, муҳим нест. Як нукта собит аст, ки роҳи Ҳомид Карзай баъди интихобот ба “ҳеҷкуҷо” хоҳад буд. Ба маънои аслиаш. Карзай қарор аст ба бинои нав кӯч бандад, ки дар фосилаи сад метр аз қасри раёсати ҷумҳур қарор дорад.