Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 11 афсари пулисро куштанд


Рӯзи шанбе дар Покистон дар натиҷаи бомбгузориву ҳамла ба афсарони пулис, ки гурӯҳҳои ваксинзанӣ аз фалаҷи атфолро муҳофизат мекарданд, дасти кам 11 нафари онҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ин ҳамлаҳо дар минтақаи қабоилнишини Хайбар дар наздикии шаҳри Пешовар чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бомби аввал дар назди корвони мошинҳои пулис таркидааст, ки гурӯҳи маъмурони тиббиро барои ваксинзаниро дар рустои Лашора ҳамроҳӣ мекарданд. Чанд дақиқа баъд бомби дигаре дар назди мошини афсарони пулисе таркидааст, ки барои бурдани қурбониёни ҳамлаи аввал омада буданд. Бино ба гузоришҳо, дар ҳамлаи дуввум 11 афсари пулис кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд. Афроди мусаллаҳ ҳамчунин ба афсарони зиндамонда дар бомбгузории дуввум ҳамла кардаанд ва даргирӣ байни онҳо чанд соат идома кардааст.
XS
SM
MD
LG