Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, тақозои Қримро нодида намегирад


Дафтари раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, ин кишвар дархости Сергей Аксёнов, нахуствазири русиягарои Ҷумҳурии Мухтори Қрими Украинаро нодида нахоҳад гирифт. Сергей Аксёнов, рӯзи шанбе аз Владимир Путин тақозо кард, ки дар таъмини амният дар Қрим ба онҳо кӯмак кунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, тамоми нерӯҳои низомӣ, пулис, марзбонҳо ва нерӯҳои амниятӣ дар Қрим бояд танҳо ба ӯ итоат кунанд ва ҳар фармондеҳе, ки мухолифи ин қарор аст, метавонад истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG