Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии нируҳои Украина дар Симферопол


Арсен Аваков-иҷрокунандаи мақоми вазири дохила
Арсен Аваков-иҷрокунандаи мақоми вазири дохила
Арсен Аваков-иҷрокунандаи мақоми вазири корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ки нируҳои ин вазорат ва пулис ба ҳолати омодагии мукаммали муҳорибавӣ дароварда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки афроди мусаллаҳи номаълум дар Симферопол бинои ҳукумат ва порламони Қримро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Оқои Аваков мегӯяд, ки нируҳои амниятӣ атрофи ин ду биноро ба муҳосира гирифтаанд. Анатолий Моҳилёв-нахуствазири Қрим мегӯяд, ки як гурӯҳи 50 нафарии афроди мусаллаҳ субҳи рӯзи панҷшанбе посбонони ин ду биноро бидуни задухурд барканор карданд ва ба бино дохил шуданд. Онҳо парчамҳои Русияро дар болои бино овехтанд ва кормандони ҳукуматиро аз вуруд ба дохили бино пешгирӣ карданд.

Касе осеб надидааст. Ин пешомадҳо баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва нигарониҳои рӯзафзун аз ҷудоиталабӣ рух додааст, зеро дар ин нимҷазира бештар аҳолии ҷонибдори Русия ба сар мебаранд.

Рӯзи чаҳоршанбе фаъолони ҷонибдори Русия ва ҷонибдорони ҳукумати нави Украина дар назди бинои порламони маҳаллӣ бо якдигар моҷаро карданд.
XS
SM
MD
LG