Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстафетаи машъали Паралимпиадаи Сочи шурӯъ шуд


Рӯзи 26-уми феврал эстафетаи машъали Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи шурӯъ шуд.

Эстафета пас аз сайру гашт дар ҳашт минтақаи Русия, ки дар он беш аз 1500 машъалбардор ширкат мекунад, ба Сочи - макони баргузории Паралимпиада-2014 - мерасад. Давраи ниҳоии эстафета дар кӯҳҳо ва кӯчаҳои марказии Сочи баргузор мешавад.

Дар ин бора Сергей Юрченко, муовини шаҳрдори Сочи, дар як нишасти мутбуотӣ дар Маркази ягонаи хабарии «Сочи-2014» иттилоъ додааст. Вай гуфтааст, машъали паралимпӣ дар Сочи 5-уми март дар истироҳатгоҳи лижаронии кӯҳии «Роза Хутор» фурӯзон хоҳад шуд. Дар ин ҷо машъали паралимпӣ, ки дар 45 шаҳри Русия даргиронда шудааст, муттаҳид мешавад. Баъдан эстафета роҳи машъали олимпиро такрор карда, кӯчаҳои мухталифи Сочиро тай мекунад.

«Хатсайри эстафета 26,6 километрро ташкил медиҳад. Машъалро шахсиятҳои барҷаста ва маъруфу фаъоли Сочи мебаранд, ки дар байни онҳо одамони имконияти саломатиашон маҳдуд низ ҳастанд. Мо онҳоро махсус ҷудо намекунем, ин ид барои тамоми сокинони Сочи мебошад», - гуфтааст муовини шаҳрдори Сочи.

Ҷоми оташи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ рӯзи 7-уми март дар маросими кушоиши бозиҳо дар Сочи, дар варзишгоҳи олимпии “Фишт”, даргиронда мешавад.
Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ аз 7-ум то 16-уми март баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо 1650 варзишгари маълул аз 44 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Дар Паралимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ варзишгарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Украина иштирок мекунанд. Вале Тоҷикистон дар ин бозиҳо ширкат намеварзад.

Ба барномаи Бозиҳо 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷ-хоккейи рӯи ях дохиланд. Маросими пӯшидашавии бозиҳо рӯзи 16-уми март барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG