Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Қирғизистон созмони нав таъсис доданд


Дар Қирғизистон муассисони ҳаракати нави мухолифи давлат бо номи Ҷунбиши Ягонаи Мухолифон мегӯянд, “тарҳи нави рушди кишварро” таҳия мекунанд. Дар маросими муаррифии ҷунбиш дар шаҳри Бишкек дар рӯзи 26 феврал аъзои гурӯҳ бо қабули қароре хостори таъсиси низоми порлумонӣ ва коҳиши салоҳиятҳои раиси ҷумҳур дар Қирғизистон шуданд. Созмони нави мухолифони давлат ҳамчунин хост, ки давлати Қирғизистон дар мавриди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русия раъйпурсӣ баргузор кунад. Русия саъй дорад, Қирғизистонро низ ба ин иттиҳод шомил кунад, ки айни замон Белорусу Қазоқистон ҳам аъзои он ҳастанд. Темир Сариев, вазири иқтисоди Қирғизистон, рӯзи чаҳоршанбе ба вакилони порлумон гуфт, ҳоло маълум нест, ки кишвараш ба Иттиҳоди Гумрукӣ мепайвандад, ё на.
XS
SM
MD
LG