Пайвандҳои дастрасӣ

«Парвоз» ҳам омодагиро ба мавсими нави футбол шурӯъ кард


Даҳ дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон ба мусобиқаи қаҳрамонии кишвар, ки 5-уми апрел шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад.

Баъди дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ССКА «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ пас аз рухсатӣ ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард.

Чунон ки сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, «Парвоз» дар урдугоҳи худ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, тамрин мекунад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии «Парвоз» ба ҷуз футболбозоне, ки соли гузашта дар ҳайати даста ҳунарнамоӣ мекарданд, бозигарони нав – дарвозабон Муъминҷон Гадойбоев, ҳамлагар Юсуф Рабиев (порсол дар ҳайати «Хуҷанд» буданд), инчунин аъзои мунтахаби миллии кишвар – нимҳимоятгар Илҳом Баротов ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров (ҳарду дар давраи дувуми мусобиқаи соли 2013 дар дастаи«Истаравшан»-и Истаравшан бозӣ мекарданд) ширкат доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG