Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши тоҷик ба маблағгузории бештар ниёз дорад


Ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси ин шӯро Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, баргузор шуд.

Дар ҷаласа масоили маблағгузории соҳаи варзиш дар Тоҷикистон, ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ, омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бузурги ҷаҳониву қитъавӣ дар солҳои 2014-2016 баррасӣ шуд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, солҳои ахир Ҳукумати Тоҷикистон ба масоили рушди варзиш дар кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, барои варзишгарон шароити зарурии машқу тамрин фароҳам месозад. Тибқи дастуру супоришҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташ бо варзишгарону кормандони соҳа 20-уми декабри соли 2010 баён гардидаанд ва дар доираи татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 солҳои ахир дар ҷумҳурӣ бо харҷи 250 миллион сомонӣ 2500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Вале аъзои Шӯро таъкид намуданд, ки дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Соҳаи варзиш ба маблағгузории бештар,инчунин ба дастгирӣ ва кӯмаки молии сарпарастон ниёз дорад.

Вобаста ба ин, аъзои Шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои раиси ҷумҳури кишварро, ки дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат баён гардидаанд, саривақт таъмин намоянд.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, барои таъмини оммавияти васеи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум, ба хусус ҷавонону наврасон, таъмиру таҷдид ва бунёди иншооти замонавии варзишӣ, омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (соли 2016), Бозиҳои 2-юми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин (16-28 августи соли 2014) ва Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ (19 сентябр – 4 октябри соли 2014) ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин Шӯро ҷиҳати иҷрои ҳатмии Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2014 ва оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин дар сатҳи баланд доир кардани чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ) байни наврасон (соли 2014) қарорҳо қабул кард.
XS
SM
MD
LG