Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 шӯришӣ дар Покистон кушта шуд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ки як ҳавопаймои ҷангӣ дар шимоли ғарби ин кишвар ба қароргоҳи тундравҳо ҳамла бурдааст ва дар ин ҳамла 9 шӯришӣ ба қатл расидаанд.

Дар ҳамлаи рӯзи шанбе як машқгоҳи тундравҳо дар деҳаи Толи вулусволии Ҳангуи вилояти Хайбар Паштунхвоҳ ҳадаф қарор гирифтааст. Ҳангу бо минтақаи қабиланишини Оракзай ҳаммарз аст. Дар ин минтақа Толибон ва шӯришиёни Ал Қоида ҳузури қаввӣ доранд.

Рӯзҳои ахир ин севвумин ҳамла ба шумор меравад. Дар аввали ҳафта як ҳавопаймои низомӣ ба махфигоҳи шӯришиён ҳамла бурд ва дастикам 35 тундрав кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG