Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коми талх"-и дӯстдорони шоколод аз роҳбандиҳои Бишкек


Пас аз як моҳи баста шудани марзи Қирғизистон ба рӯи Тоҷикистон, таъсири онро аввалин шудани дӯстдорони ширинӣ ва шоколад эҳсос карданд.

Ба иллати дармондани бори тоҷикорон дар марз, рафҳои шоколадфурӯшии дӯконҳо дар Тоҷикистон холӣ шудаанд. Фурӯшандагону харидорон мегӯянд, айни ҳол бештар аз ҳама камчинии шоколади навъи Сникерс, Марс ва Баунти мушоҳида мешавад.

Амир Шокиров, яке аз тоҷирони умдафурӯши анвои шоколад дар наздикии Вокзали роҳи оҳани Душанбе дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» рӯзи 21-уми феврал гуфт, сабаби аслии камчин шудани як зумра маҳсулот ба баста будани марзи кишвари ҳамсоя бастагӣ дорад: «Роҳи Қирғизистон маҳкам аст. Ҳамаи борҳо дар он ҷо дармондаанд. Бинобар ин, дар он фирмаҳое, ҳам ки ин шоколадҳоро ворид мекарданд, ҳоло бор нест. Ҳеҷ куҷо ба нест метавонед накобед».
Ҷаноби Шокиров меафзояд, аксаран ин се шоколад дар кишвари Маҷористон истеҳсол шуда бо гузаштани чандин марз аз тариқи қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешуд.

Зимнан гаштугузори мо дар растаҳои яклухтфурӯшони маҳсулоти хӯрокворӣ дар Душанбе собит кард, ки марзбандии Қирғизистон натанҳо боиси камчин шудани якчанд навъи шоколад, балки дигар маҳсулот низ шудааст. Маҷид
Носиров, молики як дӯкони яклухтфурӯшии дигар дар ин робита гуфт: «Аз Қирғизистон танҳо шоколад не, балки дигар маҳсулотҳо ҳам ворид мешаванд. Масалан, пиво, арақ ва дигар навъи машруботҳо ҳам камчин шудааст, чунки он ҳам аз Қирғизистон ворид карда мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи гумруки Тоҷикистон мегӯянд аз рӯзи 11-уми январ пас аз муноқишаи марзӣ дар Исфара аз Қирғизистон ба кишвар ягон мошини ҳомили коло ворид нашудааст. Як масъули Кумитаи гумруки Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» дар ин робита гуфт: «Ягон хел воридот нашудааст. Аз ҳамон вақт то ба ҳол танҳо як мошини марбут ба Амрико аз Қирғизистон гузаштаасту тамом. Дигар ягон мошини боркашон нагузаштааст. Гуфтушунид рафта истодааст ва эҳтимол аст, ҳафтаҳои наздик марз кушода шавад.»

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, содироти молу коло аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар як моҳи гузашта якбора 88, 9 дарсад поин рафта, ҳамагӣ як миллиону 112 ҳазор долларо ташкил кардааст. Баъд аз мушкил эҷод кардани Узбакистон барои интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон, аҳамияти транзитии Қирғизистон барои кишвар хеле зиёд шуда буд. Ба гуфтаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Тоҷикистон 41,4 дарсади маҳсулоти нафташро аз Қирғизистон ворид мекард.
XS
SM
MD
LG