Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳирҷон Муъминов – сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа


Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии Тоҷикистон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа таъин шуд.

Ба иттилои Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», Тоҳирҷон Муъминов дар ин вазифа Салоҳиддин Ғафуровро, ки ду рӯз пеш мудири Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол таъин шуда буд, иваз кардааст.

Инчунин дар дастаи «Вахш» ба ҷойи Аслиддин Ҳабибуллоев, ки ба кор ба тими «Истиқлол»-и Душанбе гузашт, Зариф Усмонов, собиқ бозигари даста, мураббии калон таъин шуд.


Мураббиёни нави даста «Вахш»-ро ба мавсими нави футбол омода мекунанд. Нахустин имтиҳони имсола барои «Вахш» мусобиқаи минтақавӣ барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мебошад, ки рӯзи 24-уми феврал шурӯъ мешавад.

Шарҳи ҳол
Тоҳирҷон Мӯъминов 20-уми августи соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои мухталиф дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Энергетик”-и Душанбе ва “Наврӯз”-и Андиҷон бозӣ кардааст. Аз соли 1992 то соли 2001 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.
Тоҳирҷон Муъминов ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои “Энергетик”, “Вахш”, “Хайр”-и Ваҳдат ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ ахири моҳи сентябри соли гузашта аз вазифаи сармураббии дастаи “Энергетик” сабукдӯш шуда буд.
XS
SM
MD
LG