Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Равшан" бар “Регар” пеш аз сафари Уммон


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ имрӯз, 20-уми феврал, дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар доираи омодагии “Равшан” ба бозиҳои давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали бозӣ Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, имкон дошт ҳисобро боз кунад, вале ӯ аз ҷаримаи 11-метра истифода карда натавонист. Инчунин дар қисми аввал Ҳасан Рустамов, ҳамлагари “Равшан”, барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ корти сурх гирифт.

Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи футболи «Равшан», ки дар шаҳри Душанбе даҳ рӯз идома кард, ба анҷом расид. Ба иттилои Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан», даста шаби 22-юми феврал бо шумули 25 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Уммон сафар мекунад.

Дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар даври аввали сабқати гурӯҳи «А» рӯзи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Сиб Стэдиум» шаҳри Масқат бо тими «Сувайк», қаҳрамони секаратаи Уммон, вориди рақобат мешавад.

Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳанад Қосим Саррой доварӣ мекунанд. Ба ӯ доварони марзи майдон Наҷаҳ Раҳам Рашид Ал-Ҳамайда ва Муаяд Муҳаммад Алӣ кӯмак мерасонанд. Довари чаҳорум Ферас Тавил аз Сурия ва комиссари бозӣ Ҳамид Муъминируҳӣ таъин шудаанд.


Дар ҳамин ҳол Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи "Равшан", ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷараёни бозиҳои даста тариқи сомонаи бошгоҳ ба мухлисон иттилоъ хоҳанд дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки бозихои сафарии даста дар соли гузашта тариқи шабакаҳои "Ал-Ҷазира" ва "Спорт-7" намоиш дода шуданд.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»


Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк» (Уммон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк» (Уммон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк» (Уммон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк» (Уммон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк» (Уммон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG