Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ФИФА ба Тоҷикистон меояд


Йозеф Блаттер, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), бо сафари дурӯзаи расмӣ 24-уми март ба Душанбе меояд.

Дар доираи сафари худ раҳбари футболи ҷаҳон дар Соли футболи оммавӣ аз Тоҷикистон дидан карда, дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки рӯзи 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаааст. Ба иттилои ФФТ маросими кушоиши ботантанаи Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ фестивали футбол барои кӯдакон аз рӯи барномаи «Grassroots» доир хоҳад шуд.

Ҳангоми сафари расмии Йозеф Блаттер, инчунин, мулоқоти ӯ бо мақомоти олии Тоҷикистон ва раҳбарони Федератсияи футболи кишвар дар назар аст.
XS
SM
MD
LG