Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хайр” дар Ҷоми «Баҳористон» дувум шуд


Рӯзи 18-уми феврал дар шаҳри Қайроққум ду бозии навбатии Ҷоми осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор шуд.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бар ҳайати дувуми «Жетису»-и Талдиқӯрғон бо ҳисоби бузурги 4-0 ғолиб омад. Ду голи "Хайр"-ро Самуэл Афензи, легионери африқоӣ аз Гана, инчунин мирзобек Мирзоев ва Маҳмадулӣ Содиқов якголӣ заданд. Ҳаминтариқ, “Хайр” бо 10 имтиёз ҷои дувумро соҳиб шуд.

Бозии дигар миёни ду дастаи Қазоқистон – “Оқтеппа” ва Қизилҷар - бо ҳисоби мусовии 1-1 ба охир расид.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дорад, то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, иштирок мекунанд.

Аз Тоҷикистон се дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат меварзанд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои эҳтиётии худро овардаанд. Тими «Қизилҷар» бошад, соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол” дар ин мусобиқа пешакӣ ғолиб шуд. «Истиқлол» дар ҳамаи панҷ бозӣ бар тимҳои «Хайр» бо ҳисоби 3-0, «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 4-1, ҳайати дувуми «Оқтеппа» бо ҳисоби 6-1, «Қизилҷар» бо ҳисоби 2-1ва бар ҳайати дувуми “Жетису” бо ҳисоби 6-2 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» бо 15 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд ва новобаста аз бозиҳои боқимондаи мусобиқа соҳиби Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» гардид.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» 5 5 0 0 21-5 15
2 «Хайр» 5 3 1 1 7-4 10
3 «Оқтеппа» 4 1 2 1 4-7 5
4 «Қизилҷар» 3 0 1 2 2-4 1
5 «Далерон-Ӯротеппа» 3 0 0 3 2-8 0
6 «Жетису» 2 0 0 2 2-10 0

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев “Истиқлол”) – 8 гол, Дэвид Мауто “Истиқлол”) – 4 гол, Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 2 гол.
Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»

7-уми феврал (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Хайр» - 3-0

10-уми феврал (душанбе)
«Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол» -1-4

12-уми феврал (чоршанбе)
«Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа» - 2-1
«Истиқлол» - «Оқтеппа» - 6-1

14-уми феврал (ҷумъа)
«Қизилҷар» - «Истиқлол» - 1-2
«Оқтеппа» - «Хайр» - 0-0

16-уми феврал (якшанбе)
«Хайр» - «Қизилҷар» - 1-0
«Далерон-Ӯротеппа» - «Оқтеппа» - 0-2
«Истиқлол» - «Жетису» - 6-2

18 –уми феврал (сешанбе)
12.00 – «Жетису» - «Хайр» - 0-4
14.00 – «Оқтеппа» - «Қизилҷар» - 1-1

20-уми феврал (панҷшанбе)
14.00 – «Қизилҷар» - «Далерон-Ӯротеппа»

22-юми феврал (шанбе)
12.00 – - «Жетису» «Қизилҷар»

23-юми феврал (якшанбе)
14.00 – «Оқтеппа» - «Жетису»

24-уми феврал (душанбе)
12.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Жетису» -
XS
SM
MD
LG