Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои аз ҳама бештари Русия ва ИМА дар Олимпиадаи Сочи


Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Олмон мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 13 медал - ҳашт нишони тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки 18 медал (панҷ тилло, ҳафт нуқра ва шаш биринҷӣ) дорад, ба ҷойи дувум баромад. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 17 медал - панҷ тилло, панҷ нуқра ва ҳафт биринҷӣ - дар мақоми севум аст.

Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 18 медал (панҷ тилло, чор нуқра ва нӯҳ биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошад. Дастаи Норвегия бо касби 15 медал - панҷ тилло, се нуқра ва ҳафт биринҷӣ – дар мақоми панҷум қарор дорад. Мунтахаби Швейтсария бо касби 8 медал (панҷ тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ) мақоми шашумро азони худ кардааст.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 19 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Варзишгарони Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама бештар – 18-медалӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо мунтахаби олимпии Норвегия бо 17 медал дар ҷойи севум қарор дорад.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 7-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 23-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Олмон 8 3 2 13
2 Русия 5 7 6 18
3 Ҳолланд 5 5 7 17
4 ИМА 5 4 9 18
5 Норвегия 5 3 7 15
6 Швейтсария 5 2 1 8
7 Беларус 5 0 1 6
8 Канада 4 7 4 15
9 Лаҳистон 4 0 0 4
10 Чин 3 2 1 6
11 Шветсия 2 5 2 9
12 Австрия 2 5 1 8
13 Фаронса 2 0 4 6
14 Ҷопон 1 3 2 6
15 Ҷумҳурии Чех 1 3 1 5
16 Словения 1 1 3 5
17
18
19
20
21
22
23
24
25
25
Корея
Британия
Словакия
Италия
Австралия
Финляндия
Латвия
Хорватия
Қазоқистон
Украина
1
1
1
0
0
0
0
0
0
0
1
0
0
2
2
2
1
1
0
0
1
1
0
3
1
0
2
0
1
1
3
2
1
5
3
2
3
1
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Имрӯз, 18-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои ҳафт маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон (1), лижаронии кӯҳӣ (1), лижаронии дуҳарба (1), конкитозӣ (1), сноуборд (1), фристайл (1) ва шот-трек (1) мубориза мебаранд.
Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - ширкат мекунад. Вай дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад. Мураббии ӯ Ибодулло Қурбонов, раиси Ассотсиатсияи намудҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон, аз Сочи ба радиои Озодӣ чунин хабар дод:

“Алишер ба мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом омодагии хуб мебинад. Вай бо лавозимоти варзишии муосир, ба мисли лижа, каска, асоча ва дигар асбобҳои махсуси лижаронӣ таъмин буда, ҳамроҳ бо варзишгарони Эрону Австрия тамрин мекунад ва ҳеҷ мушкиле надорад. Ман бо Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, ба Алишер барои омодагиаш ба мусобиқоти олимпӣ ҳамаҷониба кӯмак мерасонем.”

Шарҳи ҳол

Алишер Қудратов
Алишер Қудратов
Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ донишҷӯи курси 4- уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия ширкат варзида, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом иҷро кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 гардид.

Алишер Қудратов соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат накардааст. Ӯ дар маросимҳои кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳам дар Ванкувер ва ҳам дар Сочи парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар дар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom дар ҷойи 15-ум қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG