Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бонки миллӣ пас аз бозхонди муҷаввизи “Евротраст”


Бонки миллии Тоҷикистон пас аз бозхонди иҷозатномаи Ташкилоти қарзии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Европейский трастовый банк” дар Русия, созмонҳои қарзии дохили кишварро ҳушдор дод, ки ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ тавассути “ЕВРОТРАСТ” чораҷӯӣ карда шавад. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки милии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин фурсат оиди ба вуқуъ омадани ин кор ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хабардор намуд ва онҳоро муваззаф кард, ки ҷиҳати пешгирии интиқоли минбаъдаи маблағҳои муҳоҷирони корӣ тавассути созмони қарзии “ЕВРОТРАСТ”-и шаҳри Маскав чораҳои зарурӣ андешида шавад. Бонки марказии Русия аз 11 феврали соли 2014, иҷозатномаи созмони қарзии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Европейский трастовый банк”-и Маскав (ТҚ ҶСП “ЕВРОТРАСТ”)-ро, ки барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ ба вай иҷозат дода буд, бозхондааст.
XS
SM
MD
LG