Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба каратэ ню-фулконтакт ва кикбоксинг дар Теҳрон 12 медали тилло ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз 12 кишвар, аз он ҷумла, Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Ҷопон ва Эрон ширкат доштанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 30 варзишгари синнашон аз 9 то 35-сола ва се зан намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ варзишгарони навраси тоҷик 6 медали тилло ва бузургсолон чаҳор медали тилло гирифтанд. Инчунин ду варзишгардухтари тоҷик дар сабқати бонувон ғолиб шуданд. Ба ғайр аз ин варзишгарони тоҷик 4 медали нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ баъди мизбони мусобиқот- тими Эрон мақоми дувумро касб кард.

Варзишгарони тоҷик Абдуллои Мирзо, Сафархони Юсуф, Эмомназар Нуров, Рустам Нуров, Манучеҳри Назривалӣ, Меҳрубони Маҳмадалӣ, Мустафо Давлатов, Зулфалӣ Латифов, Ҷомӣ Латифов ва Муҳаммад Чақалов дар вазни худ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG