Ҳайати музокироти ҳукумати Покистон аз музокироти сулҳи барномарезишуда бо Толибон даст кашид. Толибон эълон кардаанд, ки 23 нафар сарбозони рабудашударо ба қатл расондаанд. Онҳо ин сарбозонро соли 2010 рабуда буданд.
Гурӯҳи Таҳрики Толибон аз минтақаи Муҳманд рӯзи якшанбе гуфт, ки дар ҷавоб ба куштори тундравҳои Толибон дар зиндонҳои ҳукуматӣ 23 сарбозро ба қатл расондаанд.
Ирфон Сиддиқӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳукумат гуфт, баъд аз эълони қатли сарбозон музокироти барномарезишуда барои рӯзи душанбе “фоидае” надорад. Вай гуфт, ҳайати ҳукуматӣ рӯзи сешанбе бо ҳам мулоқот мекунад ва дар бораи ояндаи музокирот тасмим хоҳад гирифт.