Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон дар Олимпиадаи Сочи ҳамоно пешсаф аст


Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии нӯҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Олмон мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 12 медал - ҳафт нишони тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 17 медал - панҷ тилло, панҷ нуқра ва ҳафт биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Дастаи Норвегия бо касби 14 медал - панҷ тилло, се нуқра ва шаш биринҷӣ – дар мақоми севум қарор дорад. Мунтахаби Швейтсария бо касби 7 медал (панҷ тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) мақоми чорумро азони худ кардааст.

Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки 16 медал (чор тилло, ҳафт нуқра ва панҷ биринҷӣ) дорад, ба ҷойи панҷум фуромад. Варзишгарони Канада бо касби 14 медал - чор нишони тилло, шаш нуқра ва чор биринҷӣ дар мақоми шашум қарор доранд. Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 16 медал (чор тилло, чор нуқра ва ҳашт биринҷӣ) дар мақоми ҳафтум мебошад.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 19 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо се нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 10-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 22-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Олмон 7 3 2 12
2 Ҳолланд 5 5 7 17
3 Норвегия 5 3 6 14
4 Швейтсария 5 1 1 7
5 Русия 4 7 5 16
6 Канада 4 6 4 14
7 ИМА 4 4 8 16
8 Лаҳистон 4 0 0 4
9 Чин 3 2 0 5
10 Беларус 3 0 1 4
11 Шветсия 2 5 2 9
12 Австрия 2 4 1 7
13 Фаронса 2 0 4 6
14 Ҷопон 1 3 1 5
15 Ҷумҳурии Чех 1 2 1 4
16 Словения 1 1 3 5
17
18
19
20
21
22
23
24
25
25
Корея
Британия
Словакия
Италия
Финляндия
Латвия
Австралия
Хорватия
Қазоқистон
Украина
1
1
1
0
0
0
0
0
0
0
1
0
0
2
2
1
1
1
0
0
1
1
0
3
0
2
1
0
1
1
3
2
1
5
2
3
2
1
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.

Имрӯз, 17-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои ҳафт маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон (2), бобслей (1), ҷаҳиш аз трамплин (1), сноуборд (1), рақси рӯи ях (1) ва фристайл (1) мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG