Дастаи Русия - мизбони бозиҳо - то кунун 11медал (ду тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ) дорад ва мисли пешин дар мақоми 7-ум қарор гирифтааст.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 24 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 15 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия мунтахаби Беларус як нишони тилло, Латвия ду нишони биринҷӣ ва Украина як нишони биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 | Олмон | 7 | 2 | 1 | 10 | ||||||||
2 | Канада | 4 | 4 | 2 | 10 | ||||||||
3 | Норвегия | 4 | 3 | 6 | 13 | ||||||||
4 | Ҳолланд | 4 | 3 | 5 | 12 | ||||||||
5 | ИМА | 4 | 2 | 6 | 12 | ||||||||
6 | Швейтсария | 3 | 0 | 1 | 4 | ||||||||
7 | Русия | 2 | 5 | 4 | 11 | ||||||||
8 | Чин | 2 | 1 | 0 | 3 | ||||||||
9 | Фаронса | 2 | 0 | 2 | 4 | ||||||||
10 | Лаҳистон | 2 | 0 | 0 | 2 | ||||||||
11 | Австрия | 1 | 4 | 0 | 5 | ||||||||
12 | Словения | 1 | 1 | 2 | 4 | ||||||||
13 | Корея | 1 | 0 | 1 | 2 | ||||||||
14 | Беларус | 1 | 0 | 0 | 1 | ||||||||
14 | Словакия | 1 | 0 | 0 | 1 | ||||||||
16 | Шветсия | 0 | 1 | 4 | 5 | ||||||||
17 17 17 20 20 22 23 23 |
Италия Ҷумҳурии Чех Ҷопон Австралия Финляндия Латвия Британия Украина |
0 0 0 0 0 0 0 0 |
2 2 2 1 1 0 0 0 |
1 1 1 0 0 2 1 1 |
3 3 3 1 1 2 1 1 | ||||||||
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.
Имрӯз, 14-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои шаш маҷмӯи медалҳо дар биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, скелетон, рақси рӯи ях ва фристайл мубориза мебаранд.
Рӯзи ҷумъа, инчунин, сабқати гурӯҳӣ оид ба хоккей баргузор мешавад:
12:00 | Мардон. Гурӯҳи С Ҷумҳурии Чех – Латвия |
12:00 | Мардон. Гурӯҳи С. Шветсия – Швейтсария |
21:00 | Мардон. Гурӯҳи В. Канада – Австрия |
21:00 | Мардон. Гурӯҳи В. Норвегия – Финляндия |
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст. |
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар