Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони тоҷикро барои ҷарроҳӣ ба Олмон бурданд


Ширкати Ист Эйр рӯзи 12 феврал гурӯҳе аз кӯдакони бемори мӯҳтоҷи ҷарроҳӣ аз Тоҷикистонро ба Олмон бурдааст. Бар тибқи иттилои расмии ширкат, маблағи парвозро як созмони хайрияе бо номи Рустои Байналмилалии Сулҳ пардохт кардааст. Чунин парвоз соле ду дафъа моҳи август феврал сурат мегирад ва ин бор 68 кӯдакро аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистону Гурҷистону Арманистон барои муолиҷа ба Олмон бурдаанд. Ба гуфтаи ширкати Ист Эйр, хати парвози ҳавопаймо аз шаҳрҳои Кобулу Тошканд ва Тифлис мегузарад ва кӯдакони беморро ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон мебаранд. Ҳавопаймои Ист Эйр рӯзи 16 феврал он кӯдаконеро, ки 6 моҳ пеш барои муолиҷа ба Олмон бурда буд, ба назди хонаводаҳояшон бармегардонад.
XS
SM
MD
LG