Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуан Мендес аз Тоҷикистон хост, шиканҷаро аз байн барад


Хуан Мендес, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури мубориза алайҳи шиканҷа аз ҳукумати Тоҷикистон хост, барномаҳояш барои маҳви шиканҷа ва бадрафториро ҳаматарафа амалӣ кунад. Ӯ бо хотимаи сафари серӯзааш дар Душанбе гуфт, ҳанӯз барномаҳои Тоҷикистон барои маҳви шиканҷа дуруст амалӣ намешавад. Хуан Мендес, рӯзи чаҳоршанбе иброз дошт, аз он нигарон аст, ки бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи мавҷудияти шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндонҳо ва ҳангоми боздошти муттаҳамон, тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон танҳо чаҳор парванда дар ин замина боз шудааст. Хуан Мендес аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистон барои иҷрои тавсияҳои ӯ аз соли 2012 ҷиҳати маҳви шиканҷа барномаи давлатиеро қабул кардааст. Вале гуфт ӯ, ҳеҷ вақти мушаххасе барои иҷрои ин барнома таъйин нашудааст.
XS
SM
MD
LG