Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири дифоъи Қазоқистонро дастгир карданд


Дар Қазоқистон, Боғдат Майкиев, муовини вазири дифоъи ин кишварро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир кардаанд. Бар асоси амри додгоҳ, ӯ то замони таҳқиқи парвандааш то 20 феврал дар боздоштгоҳ мемонад. Боғдат Майкиевро, ки рӯзи сешанбе дастгир шуд, ба гирифтани якуним миллион доллар ришва муттаҳам мекунанд. Ӯ аз соли 2011 ба ҳайси муовини вазири дифоъ кор мекард. Аз ӯ пештар генерал Асқар Булдешев, муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистонро, бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карданд. Моҳи июл Алмос Асенов, раиси бахши таслиҳот дар артиши Қазоқистонро барои дар ивази ришва нодида гирифтани нуқсҳои ҳавопаймои Ан-72 ба 11 соли зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG