Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стефан Фюле бо мухолифони Украина мулоқот кард


Стефан Фюле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо, дар шаҳри Киев бо раҳбарони мухолифони Украина мулоқот кард. Ӯ дар талоши дигаре барои фурӯ нишондани бӯҳрони сиёсӣ дар Украина рӯзи сешанбе вориди ин кишвар шуд. Баъд аз онки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина охири моҳи ноябр аз имзои аҳдномаи ҳамапаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, аз он замон то кунун тақрибан ҳар рӯз дар Украина тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баргузор мешавад. Рӯзи душанбе вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ин масъаларо баррасӣ карданд, ки дар сурати идомаи истифодаи нерӯ алайҳи тазоҳургарони осоишта алайҳи мақомоти Украина таҳрим эълом кунанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар оянда мумкин аст, ба Украина ҳамкории наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод шавад. Дар ин миён Виталий Кличко, яке аз раҳбарони мухолифон пешниҳоди раиси ҷумҳур Виктор Янукович барои муколамаро рад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки талаби аслии мухолифон, яъне интихоботи зудрас эълон нашавад, ӯ ба муколама ҳозир нест. Қарор аст, интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Украина соли 2015 баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG