Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алимардонов ва Хайруллоев ба Бишкек мераванд


Ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали нахуствазир Муродалӣ Алимардонов ва роҳбари гуруҳҳои корӣ Шералӣ Хайруллоев барои баррасии натиҷаи тафтишоти се комиссияи корӣ, рӯзи 13-уми феврал озими Бишкек хоҳанд шуд. Як намояндаи ҳайати музокиракунандаи ҷониби Тоҷикистон рӯзи 12 феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки натиҷаи ниҳоии тафтишоти се комиссияи кориро дар Бишкек рӯзи ҷумъа баррасӣ кунанд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистон иборат аз намояндагони се комиссияи корӣ таҳти раёсати сардори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марз Муродалӣ Алимардонов, раҳбари гуруҳҳои корӣ Шералӣ Хайруллоев-- ёвари президенти кишвар оид ба масоили амнияту дифоъ ва муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов рӯзи 13 феврал бо ҳавопаймо ба Бишкек хоҳанд рафт.
Имрӯз ҳайати комиссияҳои кории Тоҷикистон дар Исфара таҳти раҳбарии Шералӣ Хайруллоев ҷаласаи ниҳоии худро баррасӣ намуда ба Душанбе хоҳад баргашт.
Намояндагони ҳайатҳои музокиракунанда тасмим гирифтанд, то анҷоми гуфтушуниди Бишкек аз ҷузъиёти тафтишоти дуҳафтаинаи худ оид ба масъалаи муноқишаи муслаҳонаи 11 январ ва сохтмони роҳи мошингард дар минтақаҳои мавриди баҳс ҳамчуни оид ба Тоҷикистон додани қитъаи замин дар мавзеъи Ворух ба матбуот худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG