Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ду тамаъҷӯ 7 солӣ зиндон шуданд


Эътирозҳо дар Кумтор
Эътирозҳо дар Кумтор
Бино ба хабари дафтари матбуотии Додгоҳи Олии Қирғизистон, ду нафар ҳаннотон, ки аз раҳбарияти “Кумтор” бузургтарин ширкати истихроҷи тиллои Қирғизистон 3 миллион доллар талаб кардаанд, 7 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд ва дороиашон мусодира мешавад.

Бахтиёр Курманов ва Эрмек Ҷунушбаев бар асоси ду модда, яъне “тамаъҷӯии маблағи бузург” ва “ширкат дар эътирозҳои мардумӣ” гунаҳгор дониста мешаванд.
Ин ду нафар гуфтаанд, ки дар ивази ин се миллион доллар эътирозҳо хотима хоҳанд ёфт ва роҳ ба сӯи ин муассисаро касе нахоҳад баст. Ҳукми додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек рӯзи душанбе содир шуд. Раёсати мурофиаи додгоҳиро қозии додгоҳ Алмазбек Молдобаев бар уҳда дошт.

Ин ду нафар созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозии моҳи май ва июни соли гузашта дар ноҳияи Джети-Оғуз шинохта шудаанд. Эътирозгарон тақозо мекарданд, ки ширкати тиллои “Кумтор” миллӣ карда шавад.
XS
SM
MD
LG