Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман кишвари федеративӣ хоҳад шуд


Яман ба кишвари федеративии иборат аз шаш вилоят табдил хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи душанбе комиссияи вижа таҳти раёсати раисиҷумҳури Абдраббу Мансур Ҳодӣ хабар дод.

Бар пояи тақсимоти нави сиёсиву маъмурӣ, ду вилоят дар ҷануб ва чаҳор вилоят дар шимоли Яман ҷойгир хоҳанд шуд. Пойтахти кишвар шаҳри Санъо ба ҳеҷ кадоме аз ин вилоятҳо шомил нахоҳад буд.

Тағйирот ба Қонуни асосии нави кишвар ворид мешавад, ки тарҳи он ба баррасии ҳама мардум гузошта хоҳад шуд.

Дар Яман даҳсолаҳо боз низоъ миёни шимолу ҷануб идома дорад. Сиёсатмадорони зиёде аз ҷануби кишвар борҳо барои таъсиси федератсияи иборат аз ду қаламрави бузург – ҷанубӣ ва шимолӣ садо баланд кардаанд.
XS
SM
MD
LG