Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Норвегия дар Олимпиадаи Сочи пешсаф аст


Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо 7 медал дар мақоми аввал қарор дорад.

Варзишгарони Норвегия дар ин муддат ду нишони тиллову як нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Ҳолланд бо чаҳор нишон - ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ду нишони тиллову ду биринҷӣ ба даст овардаанд, дар мақоми севуманд. Тими Канада бо чор медал (як тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошад. Инчунин мунтахаби Русия - мизбони бозиҳо - то кунун се медал (як тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ) дорад ва дар мақоми 4-ум қарор гирифтааст.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 17 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 10 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд. Сэйҷ Котсенбург, варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аввалин қаҳрамони Олимпиадаи Сочи ба шумор меравад. Вай рӯзи шанбе дар мусобиқаи мардон оид ба сноуборд дар навъи слоупстайл бо медали тилло мукофотонида шуд.


Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ

1 Норвегия 2 1 4 7
2 Ҳолланд 2 1 1 4
3 ИМА 2 0 2 4
4 Канада 1 2 1 4
4 Русия 1 2 1 4
6 Австрия 1 1 0 2
7 Олмон 1 0 0 1
7 Лаҳистон 1 0 0 1
7 Словакия 1 0 0 1
7 Швейтсария 1 0 0 1
11 Шветсия 0 2 0 2
12 Италия 0 1 1 2
12 Ҷумҳурии Чех 0 1 1 2
14 Словения 0 1 0 1
14 Финляндия 0 1 0 1
16 Британияи Кабир 0 0 1 1
16 Украина 0 0 1 1


Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ба барномаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин Олимпиада беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Бояд гуфт, ки рӯзи шанбеи 8-уми феврал дар Сочи биатлонист Уле Эйнар Бёрндален аз Норвегия рекорди пешинро оид ба шумораи умумии медалҳои дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба даст оварда такрор кард. Варзишгари 40-сола дар спринт қаҳрамон шуд. Вай акнун 12 медали олимпӣ – 7 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ дорад. Ҳамватанаш лижарон Бёрн Дели низ 12 медал - 8 тилло ва 4 нуқра ба даст овардааст.

Дар таърихи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бошад, аз ҳама бештар шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс — 22 медал (18 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст.
XS
SM
MD
LG