Дар бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочи дар рӯзи якшанбе варзишгари австриягӣ Матиас Майер дар рақобати лижаронӣ дар нишебӣ нишони тиллоро ба даст овард. Ӯ масофаи муайяншударо дар зарфи 2 дақиқаву 6,32 сония тай кард. Дар ин мусобиқа Кристоф Иннерҳофер аз Итолиё нишони нуқраро соҳиб шуд ва рақибаш аз Норвегия Кйетл Янсруд нишони биринҷиро аз они худ кард.