Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф боз ҳам дар додгоҳ ҳозир нашуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон, рӯзи ҷумъа бар асари маризӣ дар мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд. Қарор буд, ки додгоҳи вижа алайҳи ӯ расман иттиҳоми хиёнат ба давлатро эълон кунад. Генерал Парвиз Мушарраф дар он айбдор мешавад, ки ҳангоми бенизомиҳо дар Покистон дар моҳи ноябри соли 2007 иҷрои Қонуни асосиро муттафақиф кард ва дар сартосари кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ намуд. Дар сурати исбот шудани иттиҳом ба сарвари пешини Покистон ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Рӯзи ҷумъа вакилони дифои Парвиз Мушарраф хостори мавқуф гузоштани мурофиа шуданд ва ваъда доданд, ки шахси зерҳимояташон рӯзи 18 феврал ба додгоҳ меояд.

Аз ин пеш ҳам раҳбари собиқи Покистон чанд бор бо далели вазъи бади саломатияш аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ сарпечӣ карда буд. Рӯзи 2 январ дар роҳ сӯи додгоҳ дарди дилаш хурӯҷ кард ва Парвиз Мушарраф то имрӯз дар бемористони шаҳри Равалпиндӣ таҳти назорати табибон қарор дорад.

Моҳи гузашта додрасҳо талаби вакилони дифои Парвиз Мушарраф дар мавриди дар хориҷи Покистон табобат ёфтанашро рад карда буданд.

Раисиҷумҳури собиқ дар чанд ҷинояти дигар, аз ҷумла, даст доштан дар қатли нахуствазири пешин Беназир Бҳутто ҳам айбдор мешавад. Аммо Парвиз Мушарраф ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG