Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 7-ум то 23-юми феврал дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, ширкат мекунанд.

Барои ҷоизаи асосӣ се даста аз Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат меварзанд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои дувуми худро мефиристанд. Тими «Қизилҷар», ки соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд, шояд бо ҳайати асосиаш бозӣ кунад.

Ҷоми «Баҳористон» рӯзи 7-уми феврал соати 12.00 бо бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» шурӯъ мешавад.

Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»:

7 феврал (ҷумъа)
12.00 – «Истиқлол» - «Хайр»

10 феврал (душанбе)
12.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол»

12 феврал (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа»
14.00 – «Истиқлол» - «Оқтеппа»

14 феврал (ҷумъа)
12.00 – «Қизилҷар» - «Истиқлол»
14.00 – «Оқтеппа» - «Хайр»

16 феврал (якшанбе)
12.00 – «Хайр» - «Қизилҷар»
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Оқтеппа»

17 феврал (душанбе)
14.00 – «Истиқлол» - «Жетису»

18 феврал (сешанбе)
12.00 – «Жетису» - «Хайр»
14.00 – «Оқтеппа» - «Қизилҷар»

19 феврал (чоршанбе)
14.00 – «Қизилҷар» - «Далерон-Ӯротеппа»

21 феврал (ҷумъа)
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Жетису»

22 феврал (шанбе)
12.00 – «Оқтеппа» - «Жетису»

23 феврал (душанбе)
14.00 – «Жетису» - «Қизилҷар»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG