Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти муҳоҷират аз ихроҷи як шаҳрванд ҷилавгирӣ кард


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ихроҷи як шаҳрванди ин кишвар аз сӯи мақомотии Русия ҷилавгирӣ кардааст. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 5-уми феврал зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "чанд рӯз қабл модари Сӯҳроб Саъдонов, ҷавони тоҷике, ки дар шаҳри Екатеринбург муҳоҷири корӣ аст, ба унвони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба боздошти писараш аз ҷониби кормандони мақомоти полис муроҷиат кард. Ба гуфти аризадиҳанда, писараш Сӯҳроб ҳангоми санҷиши кормандони полис бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва будубоши қонунияшро надоштааст. Ин боис шудааст, нисбаташ аз ҷониби кормандони полис парвандаи маъмурӣ бо моддаи 25.10 Қонуни федералӣ оид ба тартиби ворид ба ҳудуди ФР ва баромад аз худуди Ф Р ва бо моддаи 18.8 оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардад."

Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, намояндагии Хадамоти муҳоҷират ин муроҷиатро баррасӣ карда ва санадҳои тасдиқкунандаи будубоши қонунии Сӯҳроб Саъдонов ҷамъоварӣ ва ба мақомоти додгоҳии шаҳри Екатеринбург пешниҳод гардид. Ҷаноби Қодирӣ афзуд, ки дар пайи омӯзиши ин санадҳои пешниҳодшуда, 3-юми феврали соли ҷорӣ бо қарори додгоҳи Додгоҳи ноҳияи Орджоникидзеи шаҳри Екатеринбург парванда дар мавриди қоидавайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Саъдонов Сӯҳроб Ҳокимҷонович қатъ кард. Ҳамчунин ба иттилои Абдулло Қодирӣ, қонунгузории федералии Русия барои чунин қоидавайронкунӣ, ки дар парвандаи мазкур аз ҷониби кормандони полис пешниҳод шуда буд, ҷазои маъмурӣ дар шакли ихроҷи маъмурӣ татбиқ менамояд.

Ҷилавгирӣ аз ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ дар соли гузаштаи 2013 беш аз 2 ҳазору 630 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз қаламрави Русия ихроҷ ва ё депорт шудаанд, ки нишондоди рекордӣ арзёбӣ мешавад. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин нафарон бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ шудаанд. Аз шумораи ихроҷшудагон - 2 ҳазору 462 нафар мард ва 169 занҳо мебошанд». Зимнан, тибқи гузоришҳо ҳоло беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунад, ки аксарияти онҳо муҳоҷирони корӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG