Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист донишандӯзи русро гаравгон гирифтаанд


Бино ба гузориши расонаҳои Русия, як марди мусаллаҳ бештар аз 20 муҳассили як мактаб дар наздикии шаҳри Маскавро гаравгон гирифтааст. Бино ба хабарҳо, ин мард ба самти афсарони пулис, ки ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд, тир андохта ва яке аз онҳоро куштааст. Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия ба ҷойи ҳодиса рафтааст. Сабабҳои гаравгонгирӣ маълум нест, вале ба навиштаи расонаҳои русӣ, ин мард падари яке аз муҳассилони мактаб будааст.
XS
SM
MD
LG